Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мулоқоти Обама бо Меркел дар Дрезден


Барак Обама-раиси ҷумҳури Амрико дар оғози боздиди мухтасари худ аз Олмон имрӯз бо Ангела Меркел-нахуствазири ин кишвар дидор ва гуфтугӯ кард. Дар ин мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои бӯҳрони молӣ, сулҳи Ховари Миёна ва равобит бо Эрону Русияро баррасӣ карданд. Ин мулоқот дар шаҳри Дрездени Олмон баргузор шуд, шаҳре, ки дар охирин рӯзҳои ҷанги дуввуми ҷаҳон нируҳои ҳавоии Британия ва Амрико аз ҳаво ба оташ кашида буданд. Обама дар ҷараёни ин боздид ҳамчунин аз урдугоҳи нозиён бо номи Бухенвалд боздид ва хотираи қурбониёни Ҳолокостро гиромӣ медорад. Обама аз Олмон ба Фаронса меравад ва рӯзи шанбе дар 65-ӯмин солгарди Ди-Деу ё фуруди нируҳои эътилофи зидди Ҳитлерӣ дар Норманд ширкат мекунад.
XS
SM
MD
LG