Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зарари боришот дар шарқи Тоҷикистон


Бар асари боришоти селосои ду рӯзи ахир дар Тоҷикистон кишоварзон ва аҳолии водии Рашт зарари ҷиддӣ дидаанд. Бино ба хабари вазорати корҳои фавқулодаи Тоҷикистон, селоб дар шаҳраки Навободи ноҳияи Нуробод пули миёни ин шаҳрак ва ҷамоати Тагобро хароб кардааст. 20 ҳектор мазореъ ва 7 ҳектор боғ аз байн рафтааст. Даҳҳо адад чорвои сокинон талаф ёфтааст. Дар вилояти Бадахшон баъзе қисматҳои роҳи автомобилрави Ишкошим-Хоруғ ва роҳи Хоруғ-Роштқалъа хароб шудааст. Аҳолии маҳалӣ ба таъмири роҳҳо сафарбар шудаанд.
XS
SM
MD
LG