Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон барои муҳоҷирони кориаш кор меҷӯяд


Вазорати кор ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон бо 5 500 нафар муҳоҷирони кории бозгашта назархоҳӣ анҷом додааст. Беш аз 70 дарсади онҳо гуфтаанд, ки дар натиҷаи бӯҳрони ҷаҳонии молӣ кори худро аз даст додаанд ва ба Ватан бозгаштаанд. Аз миёни ин 70 дарсад 30 дарсади онҳо гуфтаанд, ки корхонадорон ё соҳибкорон онҳоро аз кор озод кардаанд. Бо чунин назархоҳиҳо давлати Тоҷикистон мехоҳад бо вазъи воқеъии нируи корӣ дар кишвар ошно шавад ва бо кӯмаки созмонҳои зидахли байналмиллалӣ барномаҳои таъсиси ҷойҳои нави корӣ таҳия кунад. Бо назардошти чунин раванд имрӯз дар Душанбе намояндагии Созмони Ҷаҳонии Кор дар Тоҷикистон семинаре баргузор ва дар он "Гузориши сартосарӣ-2009 дар бораи кори иҷборӣ"-ро муаррефӣ кард.
XS
SM
MD
LG