Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Талоши Амрико барои ислоҳи қонуни дин


Катерин Косман
Катерин Косман

Катерин Косман, як масъули Кумисюни озодиҳои мазҳабии Амрико, дар як нишасте дар Душанбе гуфт, ин кумисюн талошаш барои ислоҳи қонуни нави дин дар Тоҷикистонро дар саҳнаи байнулмилалӣ идома хоҳад дод.

Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи хонум Косман то ҳанӯз давлати Тоҷикистон расман ба нигаронии онҳо дар бораи қонуни дин ба унвони қонуни маҳдудкунандаи озодиҳои мазҳабӣ вокуниш нишон надодааст. Аммо Катерин Косман гуфт, дар тӯли чанд рӯзи будубошаш дар Тоҷикистон бо бархе аз масъулини мақомоти расмии ин кишвар дидор карда, ин мавзӯъро низ дар миён гузоштааст: “Аллакай бо масъулони давлатӣ дидор кардам ва нигаронии худ дар ин бораро ба онҳо гуфтам. Дар маҷмӯъ, ба назари ман, давлати Тоҷикистон муғойири қонунҳои давлати дунявӣ иқдом кардааст”.

Қабл аз қабули ин қонун низ Кумисюни озодиҳои мазҳабӣ зимни як нома аз Эмомалӣ Раҳмон хоста буд, ки зери он имзо нагузорад. Вале мақомоти расмии Тоҷикистон бо таваҷҷӯҳ ба ислоҳталаб шудани баъзе аз бандҳои қонуни дин, ки соли 1994 қабул шудааст, қабули ин тарҳи қонунро муҳим шумориданд ва мухолифат доштани он бо меъёрҳои як давлати дунявиро то ҳоло рад мекунанд.

Бо ин вуҷуд, Катерин Косман, ки аз қонуни нави дини Тоҷикистон танқид мекард, гуфт, давлати ин кишвар бо қабули ин қонун хостааст аз як сӯ фаъолияти рӯҳониёни маъруф миёни сокинони мусулмони кишвар ва аз сӯйи дигар аз ҳузур ва фаъолияти созмонҳои ифротгаро ҷилавгирӣ кунад.

Аммо ӯ башиддат аз он изҳори ташвиш кард, ки идораи умури дин дар Вазорати фарҳанг куллия масоили марбут ба фаъолияти созмонҳои диниро таҳти назорат дорад. Дар ҳоле ки ба гуфтаи ӯ ҳукумат як чунин ҳақро надоштааст.

Катерин Косман гуфт, ба иллати ин ки аксар раҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон боқимондаҳои мероси зеҳнии Шӯравии пешин ҳастанд, наметавонанд бо дин ва диндорон муносибати хубу мондагор дошта бошанд. Вай гуфт, бо вуҷуди он ки меъёри озодиҳои мазҳабӣ ё меъёри дахолати давлат ба фаъолияти диндорон дар кулли асноди Созмони Милал навишта шудааст, аммо то ҳоло ин раҳбарон ба дин ва диндорон бо назари шубҳа менигаранд ва фосила мегиранд: “Агар дар бораи фишори онҳо болои диндорон нагӯем, метавонем гӯем, ки онҳо мисли як раҳбари оркестр ё дерижёре ҳастанд, ки мехоҳанд башиддат тобеъони худро идора кунанд”.

Катерин Косман, як масъули Кумисюни озодиҳои мазҳабии Амрико дар ин сӯҳбаташ ба мушкили ҳиҷоб дар Тоҷикистон, ки се сол инҷониб миёни афроди мазҳабӣ ва мақомоти расмӣ оташи баҳсро гарм нигоҳ медорад, низ дахл карда, маҳрум намудани духтарони ҳиҷобдор аз таҳсил дар макотибро камтар аз ҷиноят надонист. Вай гуфт: “Факте, ки аз ҳама муҳим аст, ин мизони босаводии духтарон аст. Агар Шумо духтаронро аз таҳсил маҳрум мекунед, ба хотири ин ки ҳиҷоб мепӯшанд, пас, онҳоро аз имкониятҳои инсонияшон маҳрум месозед”.

Хонум Косман ҳамчунин ба таҳсили ҷавонони тоҷик дар кишварҳои исломӣ таваҷҷӯҳ карда, гуфт, ки бозгашти онҳо ба Тоҷикистон агарчӣ заминаи ҷанги ақидаҳоро ба вуҷуд меорад, аммо боъис ба ихтилофу бархӯрди гурӯҳҳои мазҳабӣ нахоҳад шуд.

Катерин Косман изҳори хушбинӣ кард, ки боз ҳам имкони дидор ва гуфтугӯ бо масъулони расмии Тоҷикистонро дорад ва метавонад мушкили дин ва диндоронро бо онҳо дар миён гузорад. Дар ҳоле ки ба гуфтаи ӯ вазъи дину диндорон дар Тоҷикистон чандон содда нест, ки аз он ба як бор сарфи назар карда шавад. Аз ин ҷост, ки Кумисюни озодиҳои мазҳабии Амрико, ба гуфтаи Катерин Косман, имсол Тоҷикистонро ба феҳристи кишварҳои мавриди таваҷҷӯҳаш шомил кардааст.
XS
SM
MD
LG