Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эълони иттиҳоми расмӣ алайҳи Мухтор Ҷакишев


Қазоқистон раҳбари собиқи ширкати миллии ураниуми он кишвар Мухтор Ҷакишевро ба талоши аз худ кардани захираҳои фаровони маводи ҳастаии Қазоқистон ба маблағи миллиардҳо доллар айбдор кард. Кумитаи амнияти миллии Қазоқистон Ҷакишев ва раҳбарони дигари ширкати “Казатомпром”-ро ҳафтаи гузашта бо иттиҳоми даст доштан дар тиҷорати ғайриқонунии маводи ураниум боздошт карда буд. Ин ниҳод мегӯяд, Ҷакишев талош дошт, бо истифода аз ширкатҳои оффшорӣ назорати конҳои пурарзиши ураниуми Қазоқистонро ба дасти худ оварад. Мухтор Ҷакишев, бино бар эътирофи худи мақомот, ин иттиҳомоти алайҳаш эълоншударо радд кардааст.
XS
SM
MD
LG