Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мансабдорон бо дипломҳои ҷаълӣ ба даст афтоданд


Дар вилояти Самараи Русия 15 нафар мақомоти расмӣ аз дипломҳои ҷаълии донишгоҳ истифолда кардаанд, то соҳиби кор шаванд. Азамат Мамбетов аз дафтари додситонии вилояти Самара ба радиои Озодӣ иттилоъ дод, ки шумораи чунин афрод дар ҳукуматҳои маҳаллӣ метавонад бештар аз ин бошад. Ин 15 нафар то ҳол дар раёсати меъморӣ, раёсати беҳдоштӣ ва раёсати манозили зист кор мекарданд. Яке аз онҳо муовини шаҳрдори Красноглинсий будааст. Додситонии вилояти Самара аз шаҳрдории Самара хостааст, ки қарордодҳои кории ин 15 нафарро лағв кунад.

XS
SM
MD
LG