Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Обама ба музокироти сулҳ даъват дорад


Раиси ҷумҳурии Амрико Барак Обама гуфт, ки Исроил бояд бунёди шаҳракҳои яҳудинишинро дар Каронаи Ғарбӣ ба нишони як созиши сулҳи фарогири Ховари Миёна хотима диҳад. Раҳбари Амрико гуфт, ки фаластиниҳо ҳам бояд дар навбати худ барои таъмини амният дар ин минтақа саҳми бештар гузоранд. Обама гуфт:

"Мувофиқи харитаи роҳ ҳар як ҷониб ӯҳдадориҳои худро дорад. Вазифаҳои Исроил иборат аз он аст, ки бунёди шаҳракҳоро хотима дода шароити эҷоди як давлати воқеии Фаластинро фароҳам оварад. Барои ҷониби Фаластин хеле муҳим ва зарур аст, ки талошҳояшро дар амри таъмини амният дар Каронаи Ғарбӣ идома диҳад".

Барак Обама бо чунин суханҳо дар утоқи кории худ дар ҳузури раҳбари Фаластин Маҳмуди Аббос суханронӣ кард. Ду раҳбар дар рӯзе мулоқот карданд, ки Исроил талаби Амрикоро барои масдуд кардани корҳои сохтмонӣ дар Каронаи Ғарбӣ рад кард.
XS
SM
MD
LG