Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"АННА" дар Тоҷикистон 8 нирӯгоҳи бодӣ месозад


Ширкати “АННА Энерҷӣ”-и Кореяи ҷанубӣ бо имзои як ёддошти тафоҳум бо вазорати энержии Тоҷикистон ҷиҳати бунёди чанд нирӯгоҳи бодӣ дар ин кишвар ваъда супурдааст. Сухангӯи вазорати энержӣ Тоҷиннисо Азизова гуфтааст, ки қарор аст, 4 нирӯгоҳи бодӣ дар ноҳияи баландкӯҳи Мурғоб ва 4 нирӯгоҳи дигари бодӣ дар навоҳии Балҷувону Данғара ва Рашту Файзобод сохта шаванд. Иқтидори ҳар як нирӯгоҳи бодие, ки ширкати “АННА” месозад, 250 киловаттро ташкил хоҳад дод.
XS
SM
MD
LG