Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пешгӯиҳои рукуди бештари иқтисодӣ дар оянда


СММ мегӯяд, ки интизор дорад дар соли ҷорӣ нишондодҳои иқтисоди ҷаҳонӣ 2,9 дар сад коҳиш хоҳад ёфт. Таҳқиқоти нав ҳушдор медиҳад, ки дар соли ояндаи 2010 алорағми ҳама гуна тадбирҳо барои наҷоти иқтисод ва ироаи маблағҳои зиёд барои наҷоти вазъ эҳтимоли амиқтар шудани рукуди иқтисодӣ ҳамоно по бар ҷост. Ин санад мегӯяд, ки дар мӯҳлати аз моҳи сентябри соли 2008 то моҳи маи соли 2009 мизони капитализатсия ё ба сармоя табдил шудани бонкҳо дар Аврупо ва ИМА 60 дар сад коҳиш ёфта 2 триллион доллари Амрикоро ташкил додааст.
XS
SM
MD
LG