Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамлаи пурқурбонӣ дар Лоҳур


Бар асари таркиш дар шаҳри Лоҳури Покистон даҳҳо нафар куштаву маҷрӯҳ шуданд. Ба иттилоъи расмӣ, то ин лаҳзаҳо теъдоди кушташудагон ба 23 нафар расидааст. Беш аз 100 нафари дигар бо ҷароҳатҳои гуногун ба бемористон интиқол ёфтаанд. Як маргталаб мошини ҳомили маводи таркандаро дар маркази шаҳр, дар канори биное мунфаҷир кард, ки он ҷо қароргоҳи полис ва дигар идораҳои давлатӣ ҷойгир шудаанд. Масъулияти ҳамларо то ҳол ягон гурӯҳ бар дӯш нагирифтааст.
XS
SM
MD
LG