Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баёноти деринтизори Сан Су Чӣ дар додгоҳ


Раҳбари мухолифини Мянман Аунг Сан Су Чӣ бояд имрӯз дар додгоҳ барои иттиҳомоти нақзи муқаррароти ҳабси хонагиаш баёнот диҳад. Су Чӣ, ки шояд ба панҷ соли зиндон маҳкум шавад, барои ба хонаи худ роҳ додани як шаҳрванди Амрико муттаҳам мешавад. Хонум Су Чӣ гуфт, ки вай гунаҳгор нест. Иттиҳомоти зидди вай ба эҳтимоли ғолиб бо ҳадафи то соли ояндаи интихоботи парлумонии Мянмар дар зиндон нигаҳ доштани вай эҷод шудааст. Рӯзи чоршанбе ӯ қарор буд бидуни ҳеҷ муҳокимаи изофагии дигар баъди шаш соли ҳабси хонагӣ ба озодӣ мебаромад.
XS
SM
MD
LG