Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳушдори Медведев аз пастравии нишондодҳои иқтисодӣ


Раиси ҷумҳурии Русия Дмитрий Медведев ҳушдор дод, ки нишондодҳои иқтисодии кишвараш дар соли ҷорӣ назар ба он чи ки пешгӯӣ мешавад, ба маротиб камтар хоҳад шуд. Ва аз ҳамин хотир, гуфт вай, барои сарфаи хароҷот тадбирҳои шадид бояд роҳандозӣ шавад. Зимни таъкид ба стратегияи буҷа дар солҳои наздик, Медведев гуфт, ки касри буҷа соли ҷорӣ танҳо 7 дар садро ташкил медиҳад. Аз ин рӯ, гуфт вай, ин вазъият сарфаи шадиди маблағҳо ва назорати сахтро аз тарзи харҷи ин пулҳо тақозо мекунад. Дар ҳамин ҳол, муовини нахуствазир Александр Жуков гуфт, ки ҳоло вазъи бекорӣ дар ин кишвар 10,5 дар сад ё 7,7 миллион аҳолии Русияро фаро гирифта баландтарин нишондод дар ин бахш дар солҳои охир ба ҳисоб меравад.
XS
SM
MD
LG