Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Петреус - тарафдори бастани Гуантанамо


Дейвид Петреус - фармондеҳи ситоди марказии нерӯҳои мусаллаҳи Амрико, мегӯяд, интизор дорад, ки бастани боздоштгоҳи Гуантанамо ва канор гузоштани усулҳои бозпурсии дурушти муттаҳамон ба терроризм ба талошҳои Амрико дар Ироқу Афғонистон ва набард ба зидди хушунатҳои тундгароён "кӯмак" хоҳад кард. Дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ дар шаҳри Прага, генерал Петреус гуфт, “бастани масъулонаи Гуантанамо ба ҷаҳониён паём мефиристад, ки Иёлоти Муттаҳида ба Конвенсияи Женева дар мавриди рафтор бо боздоштшудагон эҳтиром мегузорад.” Барак Обама – раиси ҷумҳури Амрико моҳи январ дастур дод, то зиндони Гуантанаморо дар зарфи як сол бубанданд.
XS
SM
MD
LG