Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар робита бо шӯриш 33 нафар боздошт шуданд


Пулиси Гурҷистон мегӯяд, дар робита бо шӯриши 5-ӯми май, ки афсарони як баталион онро раҳбарӣ мекарданд, 33 нафарро боздошт кардааст. Гигӣ Таргамадзе-намояндаи порламони Гурҷистон ва ҷонибдори давлати ин кишвар, ки раҳбарии кумитаи дифоъи порламонро бар ӯҳда дорад, ба телевизиони Рустави 2 гуфтааст, аз ин 33 нафар 20 нафари боздоштшудагон низомиён ва боқимонда ғайринизомиён мебошанд. Ин хабар дар ҳоле садо медиҳад, ки як рӯзи пеш нируҳои вазорати дохила яке аз раҳбарони ин шӯришро ҳадафи тир қарор доданд. Дар оғоз мақомоти расмии Гурҷистон гуфтанд, ки ин шӯриш бахше аз нақшаҳои Русия барои сарнагунии ҳукумати Гурҷистон аст, баъдтар онҳо гуфтанд, ки ҳадафи ин шӯриш ба ҳам задани машқҳои низомии паймони НАТО аст, ки дар Гурҷистон баргузор шуд.
XS
SM
MD
LG