Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даргузашти раиси ҷумҳур дар худкушии эҳтимолӣ


Дар Кореяи Ҷанубӣ зоҳиран дар як худкушии эҳтимолӣ Роҳ Му Ҳиун-раиси ҷумҳури собиқи ин кишвар даргузаштааст. Мун Ҷае-Ин-яке аз дӯстони раиси ҷумҳури собиқ дар як изҳороти телевизионӣ гуфтааст, Роҳ дар кӯҳистонҳои наздикии хонааш дар ҷануби кишвар ҳангоми сайру гашт аз болои кӯҳ пардиааст ё худро ба поин андохтааст. Кормандони шифохона гуфтаанд, ки Роҳ аз ҷароҳатҳои бадоштаи сараш даргузаштааст. Пулис мегӯяд, онҳо ин ҳодисаро таҳқиқ мекунанд, то дақиқ шавад, ки Роҳи 62 сола ғайричашмдошт аз кӯҳ поин афтодааст ё худкушӣ кардааст. Роҳ аз соли 2003 то соли 2008 раиси ҷумҳури Кореяи Ҷанубӣ буд ва бар зидди вай парвандаи ҷиноӣ боз шуда буд. Ин идаъо матраҳ буд, ки гӯё вай дар давраи раёсати ҷумҳуриаш аз як соҳибкори сарватманд 6 миллион доллар ришва гирифтааст.
XS
SM
MD
LG