Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

СММ хостори кумаки оҷил ба фирориён аз Свот шуд


Созмони Милали Муттаҳид аз ҷомеъаи ҷаҳонӣ даъват кард, ки барои рафъи паёмадҳои фоҷиаи башарӣ бар асари задухурдҳои ахир дар шимолу ғарби Покистон ба таври оҷил 543 миллион доллар тахсис диҳанд. Мартин Могванҷа, намояндаи вижаи СММ дар Покистон, имрӯз хабар дод, ки бар асари амалиёти артиши Покистон алайҳи мусаллаҳони ҷунбиши “Толибон” водии Свот ва манотиқи атрофи онро тақрибан ду миллион нафар тарк кардаанд. Ба гуфтаи ӯ, вазъи фирориён басо сангин аст ва созмонҳои хайрия дар кумак ба онҳо оҷиз мондаанд.
XS
SM
MD
LG