Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сарпечии номзади мухолифин аз ширкат дар интихобот


Исмоил Исҳоқов, яке аз раҳбарони мухолифини қирғиз, аз ширкат дар интихоботи раёсатҷумҳурӣ даст кашид. Собиқ вазири дифоъ ва котиби Шӯрои амнияти миллии Қирғизистон дар як нишасти хабарӣ дар Бишкек тасмими худро бо он омил марбут кард, ки дар сурати ширкаташ дар ин маъракаи интихоботӣ шояд раъйҳои интихобкунандагон миёни ӯ ва дигар номзади мухолифин Алмосбек Отамбоев тақсим шаванд.
Барои курсии раисиҷумҳур дар интихоботи рӯзи 23 июл 17 нафар, аз ҷумла, раҳбари феълии Қирғизистон Қурмонбек Боқиев, талош хоҳанд кард. Баъд аз сабти ном довталабон бояд ба Комиссиюни марказии интихобот дасти кам 50 ҳазор имзои ҷонибдоронашонро пешниҳод карда, ҳамчунин аз забони давлатӣ имтиҳон супоранд.
XS
SM
MD
LG