Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати шаҳрванди Тоҷикистон бар асари инфиҷор


Бар асари инфиҷор дар корхонаи кимиёвии ноҳияи Шатураи вилояти Маскав як шаҳрванди Тоҷикистон ба ҳалокат расидааст. Ба иттилоъи хабаргузориҳои Русия, ин ҳодиса бегаҳи рӯзи душанбе рух дод ва аз зери харобаҳо ҷасади шаҳрванди Тоҷикистон берун карда шуд. Ва аммо алҳол ному насаби қурбонии ҳодиса мушаххас нашудааст ва ҳанӯз маълум нест, ки ӯ дар корхонаи кимиёвӣ кор мекард ё на. Гуфта мешавад, ки дар ин коргоҳ борут барои милтиқи шикорӣ истеҳсол мешуд. Бар асари таркиш як қисми табақаи дуввуми бино тахриб шудааст.
XS
SM
MD
LG