Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷанги "бабрҳо" анҷом шуд?


Ситезаҷӯёни Шри-Ланка, маъруф ба Бабрҳои Томил имрӯз гуфтанд баъди даргириҳое, ки даҳсолаҳо идома кардааст, ниҳоят силоҳро замин мегузоранд. Сомонаи интернетии ҷудоихоҳон аз қавли сухангӯи ин гурӯҳ навиштааст, ки "ҷангҳо сар омад" ва "Бабрҳо тасмим гирифтанд, ки ба хотири ҳифзи одамҳои худ силоҳро замин гузоранд". Президенти Шри-Ланка Маҳинда Раяпакса рӯзи шанбе аллакай шаҳди пирӯзӣ чашида эълон кард, ки артиш бар ҷангиён пирӯз шуд. Ва субҳи имрӯз сухангӯи артиш гуфт, ки ҳамаи мардуми осоишта наҷот ёфтанд.
Вале дар ҳамин ҳол як сухангӯи СММ дар Шри Ланка Горден Вейс гуфт, ки ҳанӯз чунин натиҷагириҳо барвақт аст:

"То ҷое ман мефаҳмам, аз рӯзи панҷшанбе ба ин сӯ аз дохили минтақаи ҷангӣ ҳудудан 20 ҳазор нафар берун шудаанд ва аммо тибқи ҳисобҳои СММ ҳамоно аз 30 то 80 ҳазор нафари дигар ҳанӯз ҳам дар дохили минтақаи ҷангӣ боқӣ мемонанд. Ин аслан як қитъаи хеле хурди замин аст. Ва ин ҷо то ҳол даргириҳое ҷараён доштааст, аз ин хотир, мо интизорем, ки бубинем, оё чӣ теъдод мардум аз ин минтақа берун хоҳанд омад. Интизори мо ин аст, ки дар дохил шумори кушта ва захмишудаҳо хеле зиёд аст".

Муқовиматҳои ҷудоихоҳони Бабрҳои Томил, ки хостори ташкили давлати мустақили иборат аз ақаллияти томил мебошанд, 25 сол давом кард. Дар ин муддат беш аз 70 ҳазор нафар ҷони худро аз даст доданд ва муқовиматҳои ҳукумат бо ҷудоихоҳон ҳамчун тӯлонитарин низоъҳои замонавӣ дар қитъаи Осиё арзёбӣ шуд.
XS
SM
MD
LG