Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нигаронии Пан Ки Мун аз эълони айбнома ба Су Чжи


Пан Ки Мун, Дабири Кулли СММ аз эълони айбномаи нав ба Аун Сан Су Чжи, раҳбари мухолифини демократии Мянмар, изҳори нигаронӣ кард. Котиби давлатии ИМА Ҳилларӣ Клинтон иттиҳомотро “бепояву бунёд” номид. Аз интиқоли Аун Сан Су Чжи ба маҳбас масъулини Иттиҳодияи Аврупо низ изҳори нигаронӣ кардаанд. Гордон Браун, сарвазири Бритониё дар ин робита гуфт, ки ҳукумати низомии Мянмар барои тамдиди мӯҳлати ҳабси хонагии Аун Сан Су Чжи баҳона меҷӯяд. Раҳбари мухолифини Мнямар ва барандаи ҷоизаи сулҳи Нобел Аун Сан Су Чжи 19 сол боз дар ҳабси хонагӣ қарор дорад ва мӯҳлати ҳабси ӯ ҳамин моҳ бояд хатм шавад.
Ба иттилоъи хабаргузориҳо, Аун Сан Су Чжи ва ду зани ҳамроҳи ӯ барои халадор кардани низоме маҳкум мешаванд, ки тибқи он ҳар шаҳрванди кишвар бояд дар бораи ба манзилаш ворид шудани фарди хориҷӣ ба мақомот хабар диҳад. Қаблан дар бораи боздошти шаҳрванди Амрико Ҷон Йеттоу иттилоъ расида буд, ки чанд рӯз пеш бо сабаби номаълум вориди манзили Аун Сан Су Чжии 63-сола шуд.
XS
SM
MD
LG