Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кӯмаки бебозгашти Олмон ба Тоҷикистон


Ҳукумати Олмон барои рушди иқтисодӣ ва коҳиши талафоти нерӯи барқ дар Тоҷикистон 36 миллион евро кӯмаки бебозгашт мекунад. Созишнома дар ин заминаро Ғуломҷон Бобозода бо Дорис Хертрампф - сафири Олмон дар Тоҷикистон имрӯз дар Душанбе имзо карданд. Ин пулҳо барои таъсиси як бонки нав барои ихтисоси қарзҳои хурду миёна ва ҳамчунин сармоягузории хурд дар рустоҳо масраф пешбинӣ шудааст. Ва бахше аз он маблғаҳоро барои тармими истгоҳҳои фарсудаи тақсими барқи нерӯгоҳи барқи обии Норак масраф мекардаанд.
XS
SM
MD
LG