Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Попи Рум хостори сулҳи Исроилу Фаластин шуд


Имрӯз Попи Рум Бенидикти XVI дар чаҳорчӯбаи боздидаш аз Исроил аз Байт ул-Лаҳм воқеъ дар Каронаи Ғарбии рӯди Урдун боздид ва бо Маҳмуд Аббос-раҳбари ташкилоти худгардони Фаластин дидор ва гуфтугӯ кард. Вай баъд аз вурудаш ба Байт ул-Лаҳм аз маҳофили байналмиллаӣ хост барои ҳали муноқишаи Исроилу Фаластин фишор оранд:

"Ҳамзистии воқеъӣ ва сулҳомези миёни мардумони Ховари Миёна танҳо аз роҳи рӯҳияи ҳамкорӣ ва эҳтироми муттақобила метавонад ба даст ояд, зеро дар он ҳуқуқу ифтихори ҳама эътироф ва таъмин мешавад".

Шоми имрӯз попи Рум дар ниёиши дастаҷамъӣ дар Байт ул-Лаҳм ширкат мекунад. Ин макони муқаддас ҷои таваллуди Исои Масеҳ дониста мешавад.
XS
SM
MD
LG