Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шӯришиён аз фосфори сафед истифода мекунанд


Низомиёни амрикоӣ аз 44 мавриди истифодаи фосфори сафед аз сӯи шӯришиён дар Афғонистон хабар доданд. Фосфори сафед моддаи химиёвии тезсӯзанда аст ва мусаллаҳони “Толибон” аз он барои тавлиди бомбаҳо истифода мекунанд. Ҷангиён бо ин бомбаҳо ба постгоҳҳо ва пойгоҳҳои низомӣ ҳамлаҳо анҷом медиҳанд. Иттилоъ дар бораи истифода аз фосфори сафед аз сӯи "Толибон" дар ҳоле пахш шуд, ки худи артиши Амрико дар истифодаи маводи кимиёвӣ ҳангоми зарбаҳои ҳавоӣ алайҳи шӯришиён дар ҳафтаи гузашта муттаҳам мешавад. Ва аммо фармондеҳони ИМА ин иттиҳомро рад кардаанд. Ҳукумати Афғонистон мегӯяд, ки бар асари ин ҳамлаҳо дастикам 140 тан аз сокинони осоишта кушта шуданд. Дар ҳамин ҳол Комиссияи мустақили дифоъ аз ҳуқуқи башари Афғонистон ҳам бо ишора ба ҳукумати Кобул хабар дод, ки ҷангиёни “Толибон” зимни ҳамла ба деҳоти вилояти ғарбии Фараҳ аз фосфори сафед ва дигар маводи химиёвӣ истифода бурданд.
XS
SM
MD
LG