Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Полиси афғон: Дар ҳамлаи НАТО 5 афғон кушта шуданд


Полис мегӯяд, имрӯз дар як ҳамлаи ҳавоии нируҳои ҳавоии НАТО дар имтидоди роҳ дар ҷануби Афғонистон дастикам 5 нафар посбони афғон кушта шудаанд. Фармондеҳони полиси вилояти Ғазнӣ мегӯянд, ин посбонони мусаллаҳ корвони мошинҳои икмолотии НАТО-ро ба сӯи пойгоҳи онҳо дар ҷануби Афғонистон гусел мекарданд ва дар аснои гусел мавриди зарба қарор гирифтаанд. Намояндаи НАТО дар Ғазнӣ таъйид кард, ки ҳамлаи ҳавоиро корвон даъват кардааст ва гуфтааст, ки бо шӯришиён даргирӣ сурат гирифтааст. Вале Зировар Зоҳид-фармондеҳи полиси Ғазнӣ мегӯяд, ки дар ин муноқиша шӯришиён даст надоштаанд.
XS
SM
MD
LG