Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аҳмадинажод сари кор баргашт


Аҳмадинажод ва вазиир иттилоот Муслиҳӣ
Аҳмадинажод ва вазиир иттилоот Муслиҳӣ
Телевизиони давлатии Эрон мегӯяд, раиси ин ҷумҳурӣ Маҳмуди Аҳмадинажод имрӯз дар ҷаласаи кобина ширкат кард. Ин дар ҳолест, ки Аҳмадинажод ба далели таниши уфтода байни ӯву раҳбари рӯҳонии Эрон оятуллоҳ Алии Хоманаӣ беш аз як ҳафта боз ба кор намерафт. Ин таниш вақте бархост, ки Хоманаӣ бо дахолат ба тасмими Аҳмадинажод вазири барканоршудаи иттиллоот Ҳайдар Муслиҳиро ба зудӣ дар мақомаш барқарор кард. Раисиҷумҳур дар ҳафтаи гузашта зоҳиран ба нишони эътироз дар ду ҷаласаи кобина ширкат накард.
XS
SM
MD
LG