Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аҳди ҳамкорӣ дар роҳи мубориза бо маводи мухаддир


Рустам Назаров
Ниҳодҳои мубориза бо маводи мухаддири Амрикову Тоҷикистон ба як ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ имзо карданд.
Бобоҷони Шафеъ, сухангӯи Ожонсии мубориза бо маводи мухаддири Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфт, ба ин санади ҳамкорӣ раиси ин ожонсӣ Рустам Назаров ва Марк Дестито, мудири минтақавии идораи назорат бар иҷрои қонунҳои зидди маводи мухаддири Амрико имзо кардаанд.
Тоҷикистон, ки бо Афғонистон ҳудуди 1400 километр марзи муштарак дорад, як масири умдаи қочоқи ҳероину афюн ва ҳашиши афғонӣ ба бозори сиёҳи Русияву Қазоқистон маҳсуб мешавад. Ба гуфтаи мақомот, соли гузашта дар Тоҷикистон беш аз 4 тонна маводи мухаддир кашф ва мусодира шудааст.
XS
SM
MD
LG