Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шаҳу арӯс баъди ақди никоҳ ба қасри шоҳӣ баргаштанд


Ҳангоми бозгашт ба Бакингам
Ҳангоми бозгашт ба Бакингам
Имрӯз шоҳзодаи Британия Виллям ва Кейт Миддлтон дар як маросими бошкӯҳ дар калисои Вестминстери Лондон бо ҳам арӯсӣ карданд. Шоҳзода Виллям баъд аз падараш Чарлз барои нишастан дар тахти шоҳӣ нафари дуввуми ин хонадон мебошад. Ҳудуди 1900 меҳмон ба ин маросим даъват шудаанд ва онҳо шоҳиди ақди никоҳи ин ду нафар буданд. Виллям 28 сол ва Кейт 29 сол доранд. Садҳо ҳазор нафар дар Лондон ҷамъ омадаанд ва арӯсии хонадони салтанатиро тамошо мекунанд. Бештар аз 2 миллиарди дигар дар саросари ҷаҳон ин маросимро аз телевизион тамошо карданд. Навхонадорони шоҳӣ баъд аз ақди никоҳ дар калисо ба қасри Бакингам баргаштанд.
XS
SM
MD
LG