Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даргириҳо барои гузаргоҳи Деҳиба дар Либия


Дар Либия миёни нерӯҳои вафодор ба Муаммар Қаззофӣ ва шӯришиён даргириҳо барои гузаргоҳи Деҳиба дар марз бо Тунис идома доранд.

Нерӯҳои ҳукуматӣ ҳамчунин шаҳри Зинтонро, ки аз сӯи шӯришиён ишғол шудааст, ҳадафи мушакборон қарор медиҳанд.

Дирӯз мухолифини Либия изҳор намуданд, ки бар асари бомбборони ҳавопаймоҳои НАТО дар Мисурата 12 тан аз шӯришиён кушта ва тақрибан 40 тани дигар маҷрӯҳ шуданд.

Паймони НАТО ин хабарро ташреҳ накардааст.
XS
SM
MD
LG