Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳукми Атовулло Рақибов эълон хоҳад шуд


Имрӯз бояд додгоҳи ноҳияи Файзобод ҳукми Атовулло Рақибов, як сокини ин ноҳияро эълон кунад. Дар муҳокимаи судӣ, ки дирӯз шурӯъ шуд, айбдоркунандаи давлатӣ Рақибовро ба аъмоли ҷиноӣ гунаҳкор намуда талаб кардааст, ки Рақибовро ба муддати се сол аз озодӣ маҳрум кунанд. Айбдоркунандаи давлатӣ барои ду хоҳар ва ҳамсари ӯ низ ду сол ҷазои шартиро тақозо намуд.

Гуноҳи Рақибов дар ин аст, ки ӯ шишаи экскаватори ҳамсояро ба ҳангоми даъвои сари харобкунии манзилаш дар рустои Заркамар шикастааст.

Мақомоти Файзобод Рақибовро дар бунёди ғайриқонунии манзил муттаҳам мекунанд, дар ҳоле, ки худи ӯ бо аҳли оилаи серфарзандаш дар давоми ду соли охир талош дорад дар робита бо қазияаш баррасиву ҳалли одилона сурат бигирад.
XS
SM
MD
LG