Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нигаронии Исроил ва Кохи Сафед аз ҳамоиши Фатҳу Ҳамос


Бенямин Нетаняҳу
Бенямин Нетаняҳу
Исроил ва муттафиқаш ИМА ба хабари оштии миёни гурӯҳҳои Фатҳ ва Ҳамос, ки дар Каронаи Ғарбиву Ғазза ҳукуматҳои рақобаткунандаро раҳбарӣ мекунанд, бо нигаронӣ вокуниш нишон доданд. Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил гуфт, ки созиши тарафҳо дар зери чатри ҳукумати муттаҳидаи Фаластин ғайриимкон аст, чунки Ҳамос ҳамоно ба нобудсозии Исроил ва хушунатҳо даъват мекунад. Нетаняҳу гуфт:

“Маъмурияти Фаластин бояд ё сулҳ бо Исроил ва ё сулҳ бо Ҳамосро интихоб кунад. Сулҳ бо ин ҳарду ҷониб ғайриимкон аст. Ҳамос дар фикри нобудсозии Исроил аст ва дар ин бора ошкоро мегӯяд. Ҳамос ба шаҳрҳову кӯдакони мо рокет ва мушакҳои зиддитонкӣ партоб мекунад.

Ба назари ман, фикри оштии тарафҳо аз заъфи ҳукумати Фаластин далолат мекунад ва имкони ғасби Яҳудия ва Самарияро аз роҳи ба даст овардани назорат бар Навори Ғаззаро зери суол мебарад. Умедворам, ки маъмурияти Фаластин тасмими бохираде гирифта сулҳ бо Исроилро интихоб хоҳад кард. Ин аст интихоби онҳо”.

Дар Вашингтон Кохи Сафед Ҳамосро як гурӯҳи террористӣ хонда гуфтааст, ки ҳама талошҳо дар оянда барои ба даст овардани сулҳ бо Исроил бояд танҳо аз роҳи маҳкум кардани хушунат ва эътирофи ҳақи Исроил барои зистан арзёбӣ шавад.


Тибқи тавофуқи дирӯзаи миёни Ҳамос ва Фатҳ ба намояндагӣ аз ҳукумати Маҳмуд Аббос, ки аз ҷониби Ғарб пуштибонӣ мебинад, тарафҳо барои таъсиси ҳукумати муваққат дар пешорӯи интихоботи соли оянда мувофиқа ҳосил карданд.


Аъзам Ал-Аҳмад, раҳбари гурӯҳи музокиротии Фатҳ дар Қоҳира дирӯз гуфт:

“Ҳамос як узви ин ташаккули миллӣ аст. Фатҳ, ҳизбҳои Ал-Демократия, Ал-Фаластиния ва Ҷабҳаи “Низол” ҳамчунин. Ҳама унсурҳои фаластиниву қудрат баробар ҳастанд. Дар шароити имрӯза силоҳи муқтадири мо алайҳи ишғолгарӣ иттиҳоди миллии мост”.


Созиши миёни Фатҳу Ҳамос бо миёнҷигии Миср ҳосил шудааст. Ҳамос аз соли 2007 ба ин сӯ, баъди аз Навори Ғазза берун кардани Фатҳ, назоратро бар ин минтақа ба даст овардааст.
XS
SM
MD
LG