Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати нӯҳ эътирозгар дар шаҳри Санъо


Дар шаҳри Санъо, пойтахти Яман, бар асари пароканда сохтани намоиши мухолифин аз сӯи нерӯҳои амниятӣ дасти кам 9 нафар кушта ва тақриабн сад тани дигар маҷрӯҳ шуданд.

Дар Яман эътирозҳои густурда бо талаби истеъфои фаврии раисиҷумҳур Алӣ Абдулло Солеҳ идома дорад.

Ҷавононе, ки дар ҳамоишҳо ширкат доранд, тасмими раҳбарони мухолифин барои созиш бо ҳукуматро чун хиёнат арзёбӣ намуданд. Бар пояи ин созиш, Солеҳ ба ивази дахлнопазирӣ баъд аз 30 рӯз мақоми худро дар ихтиёри ноиби раисиҷумҳур мегузорад.

Айни ҳол Алӣ Абдулло Солеҳ интизори он аст, ки кай парлумон қонун дар бораи дахлнопазирии ӯ баъд аз тарки мансабро қабул мекунад.
XS
SM
MD
LG