Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Паёмадҳои ногувори боронгариҳо дар Тоҷикистон


Шаби якшанбе бар асари сел дар ноҳияи Айнӣ як чупон кушта ва рамаи ӯ нобуд шуданд. Дар вазорати умури дохилаи Тоҷикистон ба хабаргузории ИТАР-ТАСС иттилоъ доданд, ки ҷасади чупон аллакай ошкор шудааст. Тибқи иттилоъи пешакии Кумитаи ҳолатҳои изтирории Тоҷикистон, боронгарии чанд ҳафтаи ахир ба кишвар ба маблағи беш аз миллион доллар хисорот ворид кардааст. Бар асари офати табӣ, аз ҷумла, селу сангрез 13 нафар, ба шумули се кудак ба ҳалокат расидаанд. Ахиран иттилоъ расид, ки дирӯз дар шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд бар асари сангрез як мошин ба жарфнои дара рафт ва дар ин ҳодиса се сокини Панҷакент ҷон бохтанд.
XS
SM
MD
LG