Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷанг ба зидди Толибон идома дорад


Артиши Покистон мегӯяд, барои маҳви Толибон дар атрофи Водии Свот як амалиёти “васеъмиқёсеро” оғоз кардааст. Генерал Азҳар Аббос – сухангӯи фармондеҳи артиши Покистон гуфт, сарбозони кишвараш бо ҳудуди аз 4 то 5 ҳазор тундравон меҷанганд. Ба иддаъои генерали покистонӣ, теъдоде аз ҷангҷӯёни ӯзбак ва тоҷик, ки шояд аз марзи Афғонистон ба Покистон ворид шуда бошанд, ҳамроҳ бо тундравон ба зидди сарбозони Покистон меҷанганд. Артиши Покистон дирӯз гуфт, бар асари амалиётҳои ҳавоиву заминӣ 140 ҷангҷӯи Толибро кушта ва ҳам 7 маъмури амниятиашро талаф додааст. Муассисаи паноҳандагони Созмони Милал аз вазъи фавқуллодаи башарӣ дар ин минтақа ҳушдор дода ва гуфт, ки бар асари даргириҳо то кунун 200 ҳазор нафар беҷо шудаанд ва 300 ҳазор нафари дигар аз хонаҳояшон мегурезанд.
XS
SM
MD
LG