Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фаъолони ҳуқуқи башари ӯзбек сабти ном карданд


Баъд аз рӯйдодҳои хунини Андиҷон дар соли 2005 бори нахуст фаъолини ҳуқуқи башари Ӯзбекистон дар маҳале бо номи Ангерзи Фаронса бо ҳам мулоқот карданд. Баъд аз ин рӯйдодҳо онҳо Ӯзбекистонро тарк карда буданд. Толиб Ёқубов-раҳбари ин гурӯҳ моҳи августи соли 2006 аз тарси боздошт аз Ӯзбекистон фирор кард. Вай ба радиои Озодӣ гуфт, ки ҳоло ин гурӯҳи фаъолини ҳуқуқи башар дар Фаронса сабти ном кардааст ва акнун бар зидди ҳукумати президент Ислом Каримов мубориза мебарад.
XS
SM
MD
LG