Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

IFC ба ҷаҳонгардии Тоҷикистон 7 млн доллар медиҳад


International Finance Coporation ё Муассисаи Молии Байналмиллалӣ, ки узви Бонки Ҷаҳонӣ ба шумор меравад, 7 миллион доллар дар ихтиёри Хадамоти ҳомии ҷаҳонгардии Тоҷикистон қарор додааст. Ин маблағ барои сохтмони меҳмонсарои Серена дар Душанбе ба масраф мерасад. Дар хабари International Finance Coporation гуфта мешавад, ки баъд аз анҷоми сохтмон дар ин меҳмонсаро 135 нафар бо кори доимӣ таъмин хоҳанд шуд. Тарҳи меҳмонсаро аз 85 ҳуҷра, 10 хона иборат аст ва дар табақаҳои мухталифи он мағозаҳову утоқҳои корӣ ҷой хоҳанд гирифт. Хадамоти ҳомии ҷаҳонгардии Тоҷикистон ба Бунёди Оқохон таъаллуқ дорад.
XS
SM
MD
LG