Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Имрӯз Обама ва Лавров мулоқот мекунанд


Имрӯз дар Вашингтон мулоқоти раиси ҷумҳурии Амрико Барак Обама бо вазири хориҷаи Русия Сергей Лавров дар назар аст. Ин нишаст ба манзури омодагӣ ба мулоқоти моҳи июли миёни президентҳои Амрикову Русия баргузор мешавад. Мулоқоти мазкур дар шароити болоравии таниш дар равобити Русияву Ғарб сари масъалаи Гурҷистон ва мушкилоти дигар баргузор мешавад. Русия мухолифи баргузории тамринҳои низомии НАТО дар қаламрави Гурҷистон дар ҳафтаи ҷорӣ аст. Инчунин рӯзи чоршанбе Русия ду дипломати канадаиро аз дафтари НАТО дар Маскав хориҷ кард. Ин ҳодиса баъди он рӯй дод, ки НАТО ду дипломати русро бо иттиҳоми ҷосусӣ аз ҳайати Русия дар Брюссел берун кард. Барак Обама тааҳҳуд кардааст, ки равобити дар аҳди Ҷорҷ Буш, раиси ҷумҳурии пешини Амрико харобшудаи миёни Маскаву Вашингтонро барқарор мекуунад.
XS
SM
MD
LG