Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Идомаи гуруснанишинии тоҷирони "Зарнисор"


Тоҷирони бозори "Зарнисор"-и Душанбе, ки аз тасмими мақомот барои тахриб шудани танҳо коргоҳи худ аз дирӯз ба ин ҷониб гуруснанишинӣ эълон кардаанд, мегӯянд, ки ҳеҷ пешниҳоди дигар ба ҷуз идомаи кор дар "Зарнисор"-ро намепазиранд. Рӯзи панҷшанбе ба назди эътирозгарон, ки ҳама занонанд ва шуморашон даҳҳо нафар гуфта мешавад, ҳайате аз шаҳрдории Душанбе ба музокира рафт ва дар бозорҳои дигари пойтахт ҷо кардани тоҷиронро пешниҳод кард. Аммо занҳои тоҷир ин пешниҳодро рад карданд. Субҳи имрӯз хабар омад, ки чаҳор тан аз занони эътирозгар бо фишори баланди хун ба беморхона интиқол ёфтанд. Тибқи хабарҳо, эътирози тоҷирон идома дорад.
XS
SM
MD
LG