Президент Барак Обама мегӯяд, Амрикову Афғонистон ва Покистон ҳадафи муштарак доранд ва он саркӯбии Ал Қоъида ва гурӯҳҳои террористии муттаҳид ба онҳо мебошанд. Обама зимни суханони худ дар Кохи Сафед рӯзи чаҳоршанбе зимни мулоқоташ бо Ҳомид Карзай ва Осиф Алӣ Зардорӣ-руасои ҷамоҳири Афғонистону Покистон гуфт:
"Мо имрӯз чун се кишвари мустақили дорои ҳадафҳои муштарак мулоқот кардем. Ин ҳадафҳо шикаст додан, аз пой барандохтан ва саркӯбии Ал Қоъидаву муттаҳидони ситезаҷӯи онҳо дар Покистону Афғонистон аст. Ин ҳадаф ҳамчунин ҷилавгирӣ аз тавони анҷоми амалиёти онҳо дар ҳар кишваре дар оянда аст. Барои расидан ба ин ҳадаф мо бояд ба онҳо ҷой надиҳем, ки онҳо ба мардуми Покистону Афғонистон ва Амрико таҳдид кунанд".
Обама ҳамчунин қавл дод, ки нируҳои Амрико барои талаф наёфтани афғонҳо дар ҷараёни амалиёт дар Афғонистон "ҳар гуна талоши худро мекунанд".