Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Канисаи нави яҳудиён дар Душанбе боз мешавад


Қарор аст имрӯз дар шаҳри Душанбе канисаи нави яҳудиҳои Тоҷикистон ба таври расмӣ гушоиш ёбад. Ин каниса дар маркази шаҳр дар яке аз маҳаллоти бонуфузи пойтахт ҷой гирифтааст. Канисаро бояд ҳафтаи гузашта ифтитоҳ мекарданд, вале дар лаҳзаҳои ахир тасмим гирифтанд, ки маросими гушоиш имрӯз баргузор шавад. Ҳасани Асадуллозода-раиси "Ориёнбонк"-и Тоҷикистон ҳудуди як моҳи пеш баъд аз таъмиру бозсозӣ ин биноро дар ихтиёри ҷомеъаи яҳудиёни пойтахт гузошт. Бинои пешини каниса, ки дар авоили қарни 20 дар паҳлӯи чаҳорбоғи шаҳрӣ сохта шуда буд тахриб гардид ва ҷои он барои сохтмонҳои маъмурӣ дар ихтиёри шаҳрдорӣ қарор гирифт.

XS
SM
MD
LG