Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Толибон маркази Свотро ба назорати худ дароварданд


Мақомоти расмии Покистон мегӯянд, ки ҷангандаҳои Толибон назорат бар шаҳраки Мингораро дар водии Своти ин кишвар ба даст даровардаанд. Мингора маркази аслии ин водӣ дар шимоли ғарби Покистон қарор дорад. Хабаргузории Ассошиейтед Пресс аз қавли Хушҳол Хон-волии Свот навиштааст, ҳукумати маҳаллӣ дар тамоми ин водӣ аз соъати 21-и шом то 6-и бомдод қуюди шабгардӣ ҷорӣ кардааст. Дирӯз низомиёни Покистон Толибонро муттаҳам карданд, ки онҳо мувофиқатномаи сулҳ дар бораи водии Свотро риъоят накардаанд ва чанд дафъа дар давоми рузҳои шанбеву якшанбе дар минтақа даст ба хушунат задаанд.
XS
SM
MD
LG