Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазири хориҷаи Ҷопон вориди Теҳрон шуд


Вазири хориҷаи Ҷопон Ҳирофумӣ Накасонэ рӯзи шанбе ба манзури баррасии масоили сиёсиву иқтисодӣ вориди Теҳрон шуд. Накасонэ дар Теҳрон бо ҳамтои эрониаш Манучеҳри Муттакӣ ва бо раиси ин ҷумҳурӣ Маҳмуди Аҳмадинажод мулоқот хоҳад кард. Равобити дуҷонибаи Теҳрону Токио, вазъи Афғонистон ва барномаҳои баҳсбарангези ҳастаии Эрон аз ҷумлаи масоили аслии матрӯҳа дар ин мулоқотҳо хоҳад шуд. Қарор аст, дипломати ҷопонӣ мавзӯъи хабарнигори бо ҷурми ҷосусӣ зиндонишуда Роксана Собириро низ бо раҳбарони Эрон дар миён гузорад.
XS
SM
MD
LG