Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шерзай аз ширкат дар интихобот даст кашид


Волии бонуфузи вилояти Нангарҳор Гулоқо Шерзай рӯзи ҷумъа дар пайи мулоқоташ бо раисиҷумҳури Афғонистон Ҳомиди Карзай гуфт, дар интихоботи қарибулвуқӯъи раёсати ин ҷумҳурӣ ширкат нахоҳад кард. Шерзай ҳамчунин истеъфояш аз мақоми волигиро хостааст, вале дафтари Ҳомиди Карзай баъдан гуфт, ки раисиҷумҳур истеъфои Шерзайро напазируфт. Аз ширкат дар интихобот даст кашидани Гулоқо Шерзай шонси Карзайро барои пирӯзӣ дар интихоботи рӯзи 20 август ба таври қобили мулоҳиза бештар мекунад.
XS
SM
MD
LG