Дар чанд ҷумла
Натиҷаҳои аудити "Талко" нашр хоҳад шуд
Ҳамаи хабарҳои имрӯзро дар инҷо бихонед
Рақибони паҳлавонони тоҷик дар Гран-прии ҷудои Тсиндао муайян шуданд

Паҳлавонони тоҷик дар мусобиқоти байналмилалии ҷудо - Qingdao Grand Prix 2025, ки рӯзҳои 26-28-уми сентябр дар шаҳри Тсиндаои Чин доир мегардад, ширкат меварзанд.
Ба иттилои Федератсияи байналмилалии ҷудо (IJF), дар Гран-прии Тсиндао иштироки 200 варзишгар (117 мард ва 83 зан) аз 26 кишвари 5 қора дар назар аст. Тоҷикистонро дар ин мусобиқот ҳафт гуштигир дар рақобатҳо байни мардон ва ду нафар миёни занон намояндагӣ хоҳанд кард.
Меҳрзод Сӯфиев ва Муҳаммадсолеҳ Қувватов (ҳарду дар вазни то 60 кг), Обид Ҷебов дар вазни то 66 кило, Абубакр Шеров ва Масъуди Аҳмадзод, ҳарду дар вазни то 73 кило, Сомон Маҳмадбеков дар вазни то 81 кило ва Ҷаҳонгир Маҷидов дар вазни то 100 кило дар сабқати мардон, инчунин Александра Кан дар вазни то 57 кило ва Виктория Киселёва дар вазни +78 кило дар сабқати занон рақобат мекунанд.
Бар асоси қуръакашӣ Муҳаммадсолеҳ Қувватов дар даври аввал озод буда, дар даври дуюм бо Ҳйесунг Ҳванг аз Кореяи Ҷанубӣ ба рақобат мепардозад. Меҳрзод Суфиев низ аз даври дуюм вориди сабқат шуда, бо ғолиби ҷуфти Йуантао Ванг аз Чин ва Тувшинтур Туменҷаргал аз Муғулистон қувва меозмояд.
Обид Ҷебов, ки дар даври аввал озод аст, дар даври дуюм бо ғолиби ҷуфти Нурмуҳаммад Ботабой аз Қазоқистон ва Кантемир Замбатов аз дастаи IJF (Федератсияи байналмилалии ҷудо) рӯбарӯ мешавад.
Абубакр Шеров ҳам дар даври аввал озод аст. Вай дар даври дуюм бо ғолиби ҷуфти Энхдул Лхамаа аз Муғулистон ва Эҷдер Токтай аз Туркия рақобат мекунад. Масъуди Аҳмадзод низ сабқатро аз даври дуюм шуруъ намуда, бо ғолиби ҷуфти Стевен Болдбаатар аз Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва Рамазон Коҷаков аз Баҳрайн қувваозмоӣ хоҳад кард.
Сомон Маҳмадбеков, ки дар даври аввал озод аст, дар даври дуюм бо намояндаи Чин Саилике Сонгҳайер ба рақобат мепардозад. Ҷаҳонгир Маҷидов дар даври аввал бо намояндаи Кореяи Ҷанубӣ Ҳансу Ким қувва меозмояд.
Александра Кан дар даври аввал бо Яқи Гонг аз Чин ва Виктория Киселёва дар даври аввал бо Сун Шаоҳан аз Чин нерӯсанҷӣ мекунанд.
Барномаи мусобиқот:
26-уми сентябр (ҷумъа). Қувваозмоиҳо дар вазнҳои -48 кг, -52 кг, -57 кг миёни занон; -60 кг, -66 кг миёни мардон.
27-уми сентябр (шанбе). Қувваозмоиҳо дар вазнҳои -63 кг, -70 кг миёни занон; -73 кг, -81 кг миёни мардон.
28-уми сентябр (якшанбе). Қувваозмоиҳо дар вазнҳои -78 кг, +78 кг миёни занон; -90 кг, -100 кг, +100 кг миёни мардон.
Ба ҷуз аз медал, ғолибон дар ҳамаи 14 вазн (7 вазн байни мардон ва 7 вазн миёни занон) бо 3000 евро, барандагони медали нуқра бо 2000 евро ва соҳибони медали биринҷӣ бо 1000 евро мукофотонида мешаванд, ки 20 фисади маблағи ҷоизаҳои варзишгарон барои мураббиёнашон муқаррар шудааст.
Инчунин ширкаткунандагони ин мусобиқоти пурнуфузи байналмилалӣ соҳиби имтиёзҳо дар радабандии IJF мегарданд.
Рақобат ниҳоят шадид хоҳад буд: ин мусобиқот аз рӯи анъана гуштигирони зӯртарини ҷаҳонро гирди ҳам меорад ва марҳилаи муҳими омодагӣ ба қаҳрамонии Осиё ва ҷаҳон, инчунин сабқати интихобӣ ба Бозиҳои олимпии соли 2028 дар Лос-Анҷелес мебошад.
Эътирози гурӯҳе аз ронандагони таксӣ дар Душанбе

Гурӯҳе аз ронандагони таксӣ дар Душанбе ба қарори ситонидани 100 сомонӣ, эътироз кардаанд.
Намояндагони барномаи "Jura" рӯзи 24-уми сентябр гурӯҳе аз ронандагони таксиро дар ширкати "Акиа Авесто" ҷамъ карда, ба онҳо кори барномаи нави таксирониро шарҳ медоданд.
Аммо бар асоси наворе, ки шабакаҳои иҷтимоӣ роҳ ёфт, дида мешавад, ки ронандагон дар ин ҷамъомад аз он эътироз карданд, ки чаро ҳар рӯз аз онҳо 100 сомонӣ ситонида мешавад.
Намояндагони барномаи "Jura" ба ронандагон гуфтаанд, масъалаи ситонидани 100 сомонӣ ба онҳо рабт надорад ва ронандагон бояд ба ширкатҳои таксиронӣ муроҷиат кунанд.
Шикояти асосии ронандагони таксӣ дар пойтахт ин аст, ки сарфи назар аз кор баромадан ё беморӣ, онҳо бояд ҳар рӯз ба ширкат 100 сомонӣ пардохт кунанд. Қаблан ронандагон аз ҳаққи роҳкиро 10 дарсадашро ба ширкатҳо месупориданд.
Моҳи июни имсол шаҳрдории Душанбе танҳо ба чор ширкати мусофиркашонӣ иҷозаи таксиронӣ дар ҳудуди пойтахтро дод. Инҳо ширкатҳои "Эко-Таксӣ", "Олуча-авто", "Ковиён" ва "Сафо-таксӣ" ҳастанд, вале номи моликонашон маълум нест.
Қаблан ширкати "Эко таксӣ" дар вокуниш ба гузориши Радиои Озодӣ гуфта буд, агар ронандагон бемор бошанд, метавонанд рақами мошинро супоранд ва ҳамон рӯз аз пардохти 100 сомонӣ озод мешаванд.
Баъди қарори шаҳрдории Душанбе дар моҳи июн шикояти ронандагон ва ҳам мусофирони таксӣ зиёд шудааст. Аз як сӯ ронандагон аз пардохти 100 сомонӣ шикоят доранд, аз сӯи дигар мусофирон мегӯянд, бо ҷорӣ шудани барномаи нав нархи роҳкиро боло рафт.
Назаре, ки масъулин онро қабул надоранд.
Ҳукумат муҳлати иҷрои қонуни суғуртаро 5 соли дигар ба қафо андохт

Ҳукумати Тоҷикистон бо мувофиқаи порлумон муҳлати иҷрои қонун "Дар бораи суғуртаи тиббӣ"-ро барои панҷ соли дигар, яъне то соли 2030 ба таъхир гузошт. Мақомот мегӯянд, сарчашмаи маблағгузории ин қонун то ҳол аниқ нест.
Дар қонун пешбинӣ шудааст, ки маблағи суғуртаи тиббӣ аз ҳисоби буҷаи кишвар бояд пардохт шавад. Вале дар хулосаи расмӣ омадааст, агар маблағи суғуртаи тиббӣ аз ҳисоби андози иҷтимоӣ пардохт шавад, пас давлат дар иҷрои ӯҳдадориҳои иҷтимоии худ, яъне пардохти кумакпулӣ ва нафақа, ба мушкил дучор мешавад.
Аз сӯи дигар, Вазорати меҳнат ва муҳоҷират пешниҳоди пардохти маблағи суғуртаи тиббӣ аз ҳисоби маоши коргаронро низ қабул накардааст.
Намояндагони ин вазорат гуфтаанд, маоши коргарон дар Тоҷикистон бе ин ҳам басанда нест ва гирифтани чанд дарсад маош барои суғурта, сатҳи зиндагии мардумро мушкил мекунад.
Қонун дар бораи суғуртаи тиббӣ дар Тоҷикистон соли 2008 қабул шуда, вале то ҳол иҷро нашудааст. Мақомот маротибаи шашум аст, ки иҷро шудани ин қонунро ба таъхир мегузоранд.
Коршиносони бахши тиб борҳо гуфтаанд, ҷорӣ шудани суғуртаи тиббӣ дар Тоҷикистон, фасодро дар соҳаи тандурустӣ кам мекунад. Ин таҷриба дар бисёр кишварҳои пешрафта ва ҳамсояҳои Тоҷикистон амал мекунад.
Узбекистон ба "рейд"-и ФСБ ба консерти муҳоҷирон вокуниш кард

Мақомоти Узбекистон ба "рейд" ва боздошти чанд нафар дар вақти консерти як ҳунарманди узбек дар Русия вокуниш карданд.
Оҷонсии муҳоҷирати Узбекистон гуфт, консерти Ҷалолиддин Аҳмадалиев қаблан бо мақомоти маҳалли минтақаи Красноярск мувофиқа нашуда буд ва зоҳиран ин кор боиси гузарондани "рейд" гардид.
Мақомоти Узбекистон гуфтанд, барои ҳимояи ҳуқуқи шаҳрвандони ин кишвар вакили дифоъ гирифтаанд.
Шаби 23-юми сентябр нерӯҳои пулис "ОМОН"-и Русия вориди як маросими хурсандии муҳоҷирони зодаи Осиёи Марказӣ шуда, даҳҳо нафарро боздошту бозпурсӣ карданд.
Пулис дар хабарномааш гуфтааст, ки дар ин маросим 620 нафар ширкат дошт ва онҳо "амалиёти зидди маводи мухаддир" анҷом доданд.
Дар навори нашркардаи пулис дида мешавад, ки онҳо гурӯҳе аз меҳмонони маҳфилро даст пушти ҳам бо автобус ба шӯъбаи пулис мебаранд.
Консулгарии Узбекистон дар Новосибирск гуфтааст, гузарондани чунин "рейд" бояд асоси қонунӣ дошта бошад ва фароғати шаҳрвандонро халалдор насозад.
Мақомоти интизомии Русия чанд соли ахир бо бадтарин шева бо муҳоҷирон бархӯрд карда, бе огоҳӣ ба ҷои хобу кори онҳо ҳамла мекунанд.
Порлумони Қирғизистон пароканда шуд

Дар Қирғизистон бо раъйи аксар вакилони "Ҷогоргу кенеш" ҳайати парлумони ин кишвар пароканда шуд.
Дар овоздиҳии имрӯза аз 90 вакил 84 нафараш бо пароканда кардани порлумон розӣ шуд.
Раиси парлумони Қирғизистон Нурланбек Тургунбек уулу гуфт, ки дархости пароканда кардани порлумонро чанде пеш дар як аризае 32 вакил пешниҳод карданд ва ба бовари ӯ, далелҳои онҳо асоснок ҳастанд. Дар ин муроҷиат гуфта шудааст, ки дар Қирғизистон моҳи ноябри соли 2026 интихоботи навбатии порлумонӣ ва январи соли 2027 интихоботи президентӣ барпо хоҳанд шуд ва Комиссиюни марказии интихобот дар фурсати кӯтоҳ наметавонад ин ду чорабинии муҳими сиёсиро баргузор намояд. Раиси парлумон гуфт, ду маъракаи паиҳами сиёсӣ дар кишвар мушкилоти сиёсию иқтисодӣ эҷод мекунад. Бар асоси қонун, дар паи қарори пароканда шудани порлумон дар давоми 5 рӯз бояд санаи баргузории интихоботи ғайринавбатӣ эълон шавад. Пешбинӣ мешавад, ки санаи интихоботи нав ба 30 ноябри имсол таъин мешавад.
Ҳайати амалкунандаи порлумони Қирғизистон соли 2021 интихоб шуда, ба он 90 вакил аз панҷ ҳизби сиёсӣ, аз ҷумла, "Ота Ҷурт-Қирғизистон", "Ишеним", "Интимоқ", "Алянс", "Бутун Қирғизистон", "Ийман Нуру" шомил шудаанд.
Сарватманди шинохтаро аз Юнон ба Молдова истирдод карданд

Мақомоти Молдова олигарх Владимир Плахотнюкро ба Кишинёв истирдод намуданд ва пешбинӣ мешавад, ки ин ҳодиса метавонад ба интихоботи пуртаниш дар ин кишвари собиқи шӯравӣ таъсиргузор шавад.
Владимир Плахотнюкро тобистони имсол дар Юнон бар асоси шикояти Молдова аз рӯи иттиҳоме, ки онро дар кишвар “тақаллуби аср” номидаанд”, боздошт ва 25 сентябр истирдод карданд. Ӯро дар нопадидшавии 1 миллиард доллар маблағҳои бонки дар соли 2014 гумонбар медонанд. Ин маблағ 12 дарсади маҷмӯи маҳсулоти дохилии Молдоваро ташкил медиҳад. Владимир Плахотнюк давоми солҳои дароз барои сафед кардани номаш мубориза бурд. Ҳоло интизор меравад, ки 26 сентябр бори аввал дар додгоҳ ҳозир шавад.
Интихоботи парлумонии Молдова 28 сентябр барпо мешавад ва натиҷаҳои он маълум мекунад, ки самтгириҳои баъдии ин кишвар бо Иттиҳоди Аврупо аст ё Русия.
Порлумони Қирғизистон пароканда мешавад

Дар Қирғизистон вакилон барои пароканда кардани порлумон овоз доданд. Ҳамаи 84 вакил аз ин қарор пуштибонӣ карданд ва касе раъйи мухолиф надод.
Қаблан Нурланбек Тургунбек, раиси порлумон гуфта буд, ки 32 вакил бо далелҳои асоснок пешниҳод карданд, ки Жогорку Кенеш пароканда карда шавад.
Интихоботи навбатии порлумонӣ дар Қирғизистон қарор буд моҳи ноябри соли 2026 ва интихоботи президентӣ январи 2027 баргузор шавад. Дар номаи вакилони қирғиз омадааст, Комиссияи марказии интихобот дар муддати кутоҳ наметавонад ду интихобот баргузор кунад.
Бар асоси қонуни тасвибкардаи порлумон, президент бояд интихоботи пеш аз муҳлат таъйин кунад. Пешбинӣ мешавад, ки интихоботи ояндаи порлумонӣ дар Қирғизистон 30 ноябри имсол баргузор шавад.
Мавридҳои таҷовуз ба номус дар Тоҷикистон зиёд шудааст

Дар Тоҷикистон мавридҳои таҷовуз ба номус ё қасди таҷовуз бештар шудааст.
Оҷонсии омор дар гузориши тозааш мегӯяд, дар ҳашт моҳи соли равон 31 мавриди таҷовуз ба номус сабт шудааст, ки дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта 10 маврид ё 47 дарсад бештар мебошад.
Маълум нест, ки сабаби якбора зиёд шудани ҳолатҳои таҷовуз ба номус чист. Мақомоти қудратӣ дар ин замина ҳеч шарҳе надодаанд.
Баъзе аз ҷомеашиносон ва ҳуқуқшиносон гуфтанд, ҳанӯз ҳеч таҳқиқоти ҷиддӣ сурат нагирифтааст, ки заминаҳои афзоиши ин мавридҳоро дақиқ кунад. Як мушкили дигар, ба гуфтаи созмонҳои ҳомии ҳуқуқ, ин аст, ки на ҳама сокинон дар Тоҷикистон аз озори ҷинсӣ дидан расман шикоят мекунанд.
"Марги Зубайдуллоҳи Розиқ натиҷаи дар шароити бад нигоҳ доштани мухолифон аст"

Кумитаи наҷоти гаравгонон ва зиндониёни сиёсӣ, ки қароргоҳаш дар Лаҳистон аст, марги Зубайдуллоҳи Розиқ, узви пешини Раёсати олии Ҳизби дар Тоҷикистон мамнуъи наҳзати исломиро натиҷаи дар шароити бад нигоҳ доштани мухолифони ҳукумат гуфтааст.
Ин созмон 24-уми сентябр дар изҳороте гуфт, "таъқиби мухолифон ва нигоҳ доштани онҳо дар шароити ғайриинсонӣ, боиси чунин фоҷеаҳо шудааст".
Мақомоти Тоҷикистон ба ин изҳорот вокунише накардаанд ва дар бораи сабабҳои марги Зубайдуллоҳи Розиқ дар зиндон чизе нагуфтаанд.
Ин собиқадори ҳаракати сиёсии исломӣ ва донишманди фиқҳ субҳи 24-уми сентябр дар синни 83 солагӣ дар зиндони шаҳри Ваҳдат даргузашт ва дар шаҳри Душанбе ба хок супорида шуд.
Ба гуфтаи наздиконаш, Зубайдуллоҳи Розиқ то зиндонӣ шуданаш дар соли 2015 гирифтори бемории дил буд. Ӯро соли 2024 як муддат дар бемористони зиндони шаҳри Ваҳдат бистарӣ карда буданд.
Кумитаи наҷоти гаравгонон ва зиндониёни сиёсӣ аз ҷомеаи ҷаҳонӣ даъват кардааст, ки "барои озодии фаврии ҳамаи зиндониёни сиёсӣ дар Тоҷикистон тадбирҳои ҷиддӣ андешанд".
Мақомоти Тоҷикистон будани зиндониёни сиёсиро дар кишвар рад мекунанд.
Мунтахаби футзали Тоҷикистон ба Ҷоми Осиё-2026 роҳ ёфт

Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон, ки дар бозии охиринаш дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2026 аз тими миллии Ҷопон бо ҳисоби 1:3 мағлуб шуд, дар гурӯҳи С мақоми дуюмро касб кард ва ба қисми ниҳоии мусобиқот роҳ ёфт.
Бозии футзалбозони тоҷик бо қаҳрамони чаҳоркаратаи Осиё шаби 24-уми сентябр дар Қасри теннис ва маҷмааи варзишҳои обии шаҳри Душанбе доир гардид.
Нимаи аввали бозӣ бо ҳисоби 1:0 ба суди футзалбозони тоҷик хотима ёфт. Голро Самандар Ризомов дар дақиқаи 13-ум ба самар расонд.
Дар нимаи дуюми бозӣ ҷопониҳо ба дарвозаи мизбонон се гол заданд. Голҳоро Сора Каназава, Митсури Накамура ва Казуя Шимизу ба дарвозаи мунтахаби Тоҷикистон ворид карданд. Ҳамин тавр, бозӣ бо ғалабаи мунтахаби Ҷопон бо ҳисоби 3:1 ба поён расид.
Дар бозии дигари даври сеюм дар гурӯҳи С тими миллии Камбоҷа бар дастаи мунтахаби Макао бо ҳисоби 11:2 ғолиб омад.
Ёдовар мешавем, дар даври якуми марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2026 дар гурӯҳи С Ҷопон бар Камбоҷа бо ҳисоби 5:0 ва Тоҷикистон бар Макао бо ҳисоби 10:2 пирӯз шуда буданд. Дар даври дуюм Ҷопон бар Макао бо ҳисоби 13:0 ва Тоҷикистон бар Камбоҷа бо ҳисоби 7:1 ғалаба карданд.
Ба ин тартиб, пас аз натиҷагирии бозиҳои се даври мусобиқот дар гурӯҳи С Ҷопон бо касби 9 имтиёз мақоми аввалро соҳиб шуда, ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2026 роҳхат гирифт.
Мунтахаби Тоҷикистон зери раҳбарии сармураббӣ Пайрав Воҳидов дар гурӯҳи худ бо касби 6 имтиёз ҷойи дуюмро ишғол кард ва ба қисми ниҳоии мусобиқот роҳ ёфт.
Бояд тазаккур дод, дар қисми ниҳоии Ҷоми Осиё, ки аз 27-уми январ то 7-уми феврали соли 2026-ум дар Индонезия доир мегардад, ба ғайр аз дастаи мизбон, ғолибони ҳашт гурӯҳи интихобӣ ва ҳафт дастаи беҳтарини ҷойҳои дуюм иштирок хоҳанд кард.
Ҳайати дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон дар мусобиқоти интихобии Ҷоми Осиё-2026 чунин буд:
Дарвозабонҳо: Фирӯз Бекмуродов, Нуриддин Ҷабборов, Фирӯз Бозмамадов;
Бозигарони майдонӣ: Дилшод Саломов, Идрис Ёров, Самандар Ризомов, Некрӯз Идиев, Насратшо Исмоилов, Муҳаммад Раҷабов, Муҳаммадҷон Шарипов, Бахтиёр Солиев, Хусрав Холиқназаров, Умед Қузиев, Баҳодур Хоҷаев;
Сармураббӣ – Пайрав Воҳидов.
Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали гурӯҳи С
Ҷ | Дастаҳо | Б | Ғ | М | Б | Т | И |
1 | Ҷопон | 3 | 3 | 0 | 0 | 21-1 | 9 |
2 | Тоҷикистон | 3 | 2 | 0 | 1 | 18-6 | 6 |
3 | Камбоҷа | 3 | 1 | 0 | 2 | 12-14 | 3 |
4 | Макао | 3 | 0 | 0 | 3 | 4-34 | 0 |
Дар ҳамлаи паҳбодии ҳусиҳои Яман ба Исроил 22 тан захмӣ шуданд

Исроил рӯзи 24 сентябр эълон кард, ки бар асари бархӯрди як паҳбоди партобшуда аз Яман ба шаҳри Илот дар соҳили Баҳри Сурх, дастикам 22 нафар захмӣ шуданд.
Гурӯҳи ҳусиҳои Яман, ки ҳукуматро дар Санъо дар даст дорад, масъулияти ин ҳамларо, ки дар дуввумин рӯз аз соли нави яҳудиён анҷом шуд, ба дӯш гирифт.
Расонаҳои исроилӣ бо такя ба таҳқиқоти аввалия эълон кард, ки сомонаҳои дифои ҳавоии Исроил натавонистанд паҳбодро раҳгирӣ кунанд.
Нерӯҳои имдодрасони тиббии Исроил эълон кард, ки тимҳояш панҷ осебдидаро, ки ҷароҳатҳо бардошта буданд ва вазъи ду нафарашон вазнин аст, таҳти дармон қарор додаанд.
Пулис эълон кард, ки ин паҳбод дар маркази шаҳри Илот суқут кард ва хисоротеро ба минтақае, ки гардишгарон дар он рафтуомад мекунанд, ворид кардааст.
Навори видеоие, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ чарх мезанад, вале ба таври мустақил қобили ростозмоӣ нест, нишон медиҳад, ки як паҳбоди қабл аз бархӯрд, бар фарози ин шаҳри тафреҳӣ парвоз мекунад ва дуд аз маҳали бархӯрд баланд мешавад.
Артиши Исроил пеш аз ин эълон карда буд, ки занги хатар дар саросари Илот, ин шаҳри тафреҳӣ дар наздикии марзҳои Миср ва Урдун, ба садо даромадааст.
Ҳамлаи паҳбодии рӯзи чаҳоршанбе чанд рӯз пас аз он сурат гирифт, ки ҳусиҳои Яман як паҳбод партоб карданд, ки дар Эйлот суқут кард ва боиси хисороти молӣ шуд, аммо талафоти ҷонӣ надошт.
Ҳусиҳо дар як соли гузашт мушакҳо ва паҳбодҳоеро аз ҳазорон километр дурӣ ба тарафи шимол ва Исроил партоб кардаанд. Ҳусиҳо ин амали худро нишонаи "ҳамбастагӣ бо фаластиниҳо" медонанд. Шумори зиёди ин мушакҳо ва паҳбодҳои партобшуда раҳгирӣ шуданд ё ба хоки Исроил нарасидаанд.
Исроил ҳам чанд бор шаҳри Санъо ва бандарҳои муҳими Яманро мавриди ҳамла қарор додааст.
Шарҳи як намояндаи "Шабакаҳои тақсимоти барқ" дар бораи қатъи барқ

Як намояндаи "Шабакаҳои тақсимоти барқ" ба Радиои Озодӣ тасдиқ кард, ки дар баъзе минтақаҳои кишвар барқро муваққатан қатъ мекунанд.
Ин масъули Шабакаҳои тақсимоти барқ", ки бидуни зикри номаш бо Радиои Озодӣ сӯҳбат кард, гуфт, бо мақсади таъмири хатҳои интиқол ва дастгоҳҳо, асосан шабона барқро хомӯш мекунанд.
Ин дар ҳолест, ки сокинон аз вилоятҳои Хатлон, Суғд ва ноҳияҳои тобеи марказ шикоят доранд, ки давоми як ҳафтаи ахир бо маҳдудият ё "лимит" барқ мегиранд. Ба гуфтаи сокинон, рӯзона аз соати 8 то 17 ва бегоҳ аз соати 21 то субҳ барқ надоранд.
Ҳамсӯҳбати мо дар "Шабакаҳои тақсимоти барқ"-и ҷумҳурӣ дақиқ нагуфт, ки корҳои таъмирӣ кай ба анҷом мерасанд. Ӯ танҳо гуфт, қатъи муваққати барқ ҳадди ақал то охири моҳи сентябр давом мекунад.
Бо вуҷуди шикояти сокинон аз қатъи барқ, ҳеч мақоми расмӣ, аз ҷумла ширкатҳои "Барқи тоҷик" ва "Шабакаҳои тақсимоти барқ" вазъро расман шарҳ надодаанд.
Мақомот дар гузашта қатъи барқро ба таъмири дастгоҳ ва хатҳои интиқол рабт медоданд, ки бархеҳо ба он бовар надоранд. Сокинон мегӯянд, бидуни огаҳӣ қатъ кардани барқ зиндагии онҳоро мушкил кардааст.
Ҳамасола бо фаро расидани фасли тирамоҳ дар Тоҷикистон лимит ё маҳдудияти барқ ҷорӣ мешаванд. Ба ҷуз пойтахт ва маркази вилоятҳо, сокинони минтақаҳои Тоҷикистон дар фаслҳои тирамоҳ ва зимистон бо маҳдудият барқ мегиранд.
ТАСС: Ошкор шудани як шабака, ки ба муҳоҷирон санади қалбакӣ медод

Хадамоти федероли амнияти Русия мегӯяд, як шабакаи ғайриқонуниеро ошкор кардааст, ки ба муҳоҷирон санадҳои қалбакӣ медод.
Ба гузориши хабаргузории русии ТАСС, ин шабака аз 3 нафар иборат буд ва онҳо қасд доштанд ба яке аз кишварҳои Осиёи Марказӣ фирор кунанд.
Манбаъ мегӯяд, гумонбарон дар вилоятҳои Новосибирск ва Петропавловск барои муҳоҷирон санадҳои қалбакӣ, аз ҷумла расид дар бораи пардохти маблағи патент медоданд ва муҳоҷирон бо ин санадҳо дар сохтмонҳои минтақаи Камчатка кор кардаанд.
Хадамоти федероли амнияти Русия ё ФСБ дар бораи афроди боздоштшуда маълумоти зиёд надодааст. Дар хабарномаи расмӣ танҳо зикр шудааст, ки нисбати ин се нафар бо иттиҳоми ташкили муҳоҷирати ғайриқонунӣ парванда боз кардаанд.
Ҳамчунин нисбати муҳоҷироне, ки бо санадҳои қалбакии аз ин афрод гирифтаашон кор кардаанд, бо иттиҳоми истифодаи асноди сохта парвандаи ҷиноятӣ боз ва онҳоро дар боздоштгоҳи муваққатӣ ҷой додаанд.
Дар гузашта ҳам мақомоти Русия аз боздошти афроде хабар дода буданд, ки барои муҳоҷирон санадҳои қалбакӣ дуруст мекарданд.
ИМА аз наздик шудани Исроил ва Сурия ба созиши "коҳиши таниш" хабар дод

Томас Баррак, намояндаи вижаи Амрико дар умури Сурия ва Лубнон мегӯяд, ки Исроил ва Сурия ба як созиш барои "коҳиши таниш", наздик шудаанд.
Ба гузориши хабаргузории "Рейтерз", Томас Баррак рӯзи сешанбе дар ҳошияи нишасти Маҷмаи умумии СММ ба хабарнигорон гуфт, ки бар асоси ин созиш, Исроил ҳамлаҳои худро қатъ мекунад.
Ӯ афзуд, ки Сурия ҳам мувофиқат кардааст, ки ҳеҷ аслиҳа, таҳҷизоти вазнин ва мошинҳои ҷангиро дар наздикии марзи Исроил надошта бошад.
Баррак ҳамчунон гуфт, ки Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар пайи даст ёфтан ба созиш байни Исроил ва Сурия дар ин ҳафта буд, аммо бинобар ба даст наомадани пешрафтҳои зарурӣ ва рухсатиҳои соли нави яҳудӣ, аз суръати гуфтугӯҳо коста шуд.
Пеш аз ин, Аҳмад Аш-Шаръ, раисҷумҳури Сурия, даст ёфтан ба як созиши амниятӣ байни кишвараш ва Исроилро барои амнияти Сурия зарурӣ хонда буд.
Пулиси Русия ба маҳфили арӯсии муҳоҷирон даромада, 8 касро боздошт кард

Мақомоти интизомии Русия шаби 23-юми сентябр дар Красноярск вориди як маросими хурсандии муҳоҷирони зодаи Осиёи Марказӣ шуда, даҳҳо нафарро боздошту бозпурсӣ карданд.
Хабаргузориҳои маҳаллӣ навиштаанд, ки аксари онҳо зодагони Узбекистон будаанд.
Кормандони пулису ОМОН-и рус замоне вориди маросими хурсандӣ шуданд, ки муҷрӣ суханронӣ мекард ва меҳмонон хӯрок мехӯрданд. Як тан аз кормандони ОМОН баландгӯро аз дасти барандаи маҳфил гирифта, мегӯяд, санадҳояшонро барои тафтиш омода кунанд.
Пулис дар хабарномааш гуфтааст, ки дар ин маросим 620 нафар ширкат дошт ва онҳо "амалиёти зидди маводи мухаддир" анҷом доданд.
Шеваи бархӯрди маъмурон, ки бо сагу силоҳ вориди маҳфили шодӣ шуда, онро баҳам задаанд, аз ҷониби корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ сахт маҳкум шуда, ин ҳодисаро сатҳи баландӣ бераҳмӣ ва муҳоҷирситезӣ дар Русия номиданд.
Аммо пулис гуфтааст, ки дар ин маҳфил 210 муҳоҷири хориҷӣ ҳузур дошт ва онҳо тафтиш карданд, ки ҳашт нафари онҳо ғайриқонунӣ дар Русия зиндагӣ мекунанд.
Дар навори нашркардаи пулис дида мешавад, ки онҳо гурӯҳе аз меҳмонони маҳфилро даст пушти ҳам бо автобус ба шӯъбаи пулис мебаранд.
Мақомоти интизомии Русия чанд соли ахир бо бадтарин шева бо муҳоҷирон бархӯрд карда, бе огоҳӣ ба ҷои хобу кори онҳо ҳамла мекунанд.
Созмонҳои ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирон Русияро барои пеш гирифтани сиёсати бегонаситезӣ, озору азияти муҳоҷирон ва ҳамзамон шароити дурусти корӣ фароҳам накардан барои онҳо танқид мекунанд.