Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амрико Эронро ҳомии терроризм хонд


Вазорати умури хориҷаи Амрико дар як гузориши тозааш мегӯяд, шабакаи терористии Ал-қоида бо истифода аз манотиқи қабоилинишини Покистон, хатари бузургтарин барои Ғарбро эҷод мекунад. Муаллифони гузориш Эронро “фаъолтарин кишвари ҳомии тероризм” номидаанд. Дар гузориши солонаи вазорати умури хориҷаи Амрико дар бораи тероризм, ки рӯзи панҷшанбе нашр шуд, омадааст, ҳарчанд ҳамлаҳои терористӣ дар ҷаҳон дар соли гузашта коҳиш ёфтааст, аммо дар Покистон баръакс ва назар ба соли 2007 ду маротиба афзудааст. Соли 2008-ум дар Покистон 1839 ҳамлаи терористӣ ба вуқӯъ пайвастааст ва бештар аз 1000 ҳамла дар соли 2007. Ба гуфтаи вазорати умури хориҷаи Амрико, дар ҳамлаҳои терористии соли 2008 дар Покистон ҳудуди 3000 ҳазор нафар кушта шудаанд. Вазорат дар бораи Эрон мегӯяд, ки ин кишвар соли гузашта кишвари фаъолтарини ҳомии тероризм будааст ва Нерӯи Қудс аз Сипоҳи Посдорони Инқилоби Исломӣ ба терористон дар қаламравҳои фаластиниён, Лубнон, Ироқ ва Афғонистон кӯмак кардааст.
XS
SM
MD
LG