Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Ироқ се сарбози амрикоиро куштанд


Дар як даргирӣ дар вилояти Анбор, такягоҳи собиқи созмони Ал-Қоида дар Ироқ се сарбози амрикоӣ кушта шудаанд. Артиши Амрико дар як баёния гуфт, ин се сарбозашро рӯзи панҷшанбе 30 апрел талаф додааст. Анбор як истеҳкоми ҳаракатҳои шӯришии мухолифи нерӯҳои Амрико буд, вале дар охирҳои соли 2006 гурӯҳҳои мусаллаҳи суннимазҳаб бо нерӯҳои амрикоӣ муттаҳид шуда ва Ал-қоидаро аз вилояти Анбор ронданд.
XS
SM
MD
LG