Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қочоқбари маъруфи афғон дар ИМА ҳукми абад гирифт


Додгоҳи Ню-Йорк Башир Нурзай, як муттафиқи қавии Толибонро барои тавтеаи қочоқ ва тавзеҳи ҳероин дар ИМА ба ҳукми абади зиндон маҳкум кард. Тибқи шаҳодати додгоҳ, Нурзай раҳбари қабилаи ҳамноми худ мебошад, ки ҳудудан як миллион ҷамъият дошта марбут ба паштуҳои Афғонистон мебошад. Ӯ дар Қандаҳори Афғонистон бо кишти хашхош ва дар лабораторияҳои Афғонистону Покистон машғули табдили он ба ҳероин будааст. Ҳероин баъдан ба бозори сиёҳи ИМА ворид мешуд. Дар соли 1990 Нурзай дар Ню-Йорк шабакаи фурӯш ва тавзеҳи ҳероини худро доштааст, ки ба ӯ даромади ҳангуфте меовард. Соли 2005 исми Нурзай аз ҷониби вазорати адлияи ИМА ҳамчун яке аз бонуфузтарин ва пурхатартарин қочоқбарони маводи мухаддир дар ҷаҳон унвон шуд.
XS
SM
MD
LG