Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Конфронси матбуотии Обама баъди 100 рӯзи раҳбарӣ


Раиси ҷумҳурии Амрико Барак Обама дақиқаҳо пеш бахшида ба анҷоми 100 рӯзи аввали кории худ дар ин мақом бо хабарнигорон дар Кохи Сафед мулоқот кард. Вай ваъда дод, ки ҳукуматаш ҳама талошро барои коҳиши таъсири зукоми хук ба харҷ хоҳад дод. Феълан дар Иёлоти Муттаҳида 90 мавриди олудагӣ ба ин вирус ба қайд гирифта шудааст. Вай инчунин гуфт, ки барои барқарории шукуфоиву муваффақият ба иқтисоди Амрико талошҳои зиёд ба харҷ дода инчунин зидди хатароти мисли терроризм мубориза мебарад.
XS
SM
MD
LG