Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аввалин фавт аз зукоми хук дар берун аз Мексика


Мақомоти беҳдоштии Иёлоти Муттаҳида аввалин ҳодисаи фавт аз зукоми хук дар хориҷ аз Мексикаро тасдиқ карданд. Доктор Ричард Бессер, сарпарасти мудирияти Маркази Назорати сироят ва ҷилавгирӣ гуфт, як кӯдаки қариб 2-сола дар Техас ба ҳалокат расидааст. ИМ яке аз ҳашт кишвари ҷаҳон аст, ки мавҷудияти зукоми хук дар он ҷо тасдиқ шудааст. Дар Мексика, ки аввалин макони кашфи ин беморӣ шудааст, 7 нафар дақиқан ва 159 нафар ба эҳтимоли қавӣ аз зукоми хук фавтидаанд.
XS
SM
MD
LG