Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як раҳбари Ал-Қоидаи Ироқ дар боздошт аст


Нурӣ ал Моликӣ-нахуствазири Ироқ имрӯз таъйид кард, ки Абу Умар ал Бағдодӣ-яке аз раҳбарони аршади Ал-Қоида дар Ироқ дар зиндон нигаҳдорӣ мешавад. Дар эъломияе, ки дафтари нахуствазир ба нашр расондааст, гуфта мешавад, ки "Абу Умар ал Бағдодӣ-террористи ҷинояткор дар ихтиёри мақомоти додхоҳӣ қарор дорад". Мақомоти амниятии Ироқ мегӯянд, ки онҳо ҳафтаи гузашта мардеро боздошт карданд, ки ба бовари онҳо ал Бағдодӣ будааст ва бозпурсии вай ҳамчунон идома дорад. Ин раҳбари Ал-Қоида дар Ироқ ҳаргиз аз худ акс набардоштааст. Моликӣ боздошти Абу Умарро пирӯзии нирӯҳои амниятии Ироқ арзёбӣ кард.
XS
SM
MD
LG