Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тафсилоти нави ҳамла ба қароргоҳи волии Қандаҳор


Чанд лаҳза пеш хабаргузориҳо тафсилоти нави ҳамла ба қароргоҳи волии вилояти Қандаҳори Афғонистонро нашр карданд. Тибқи иттилоъи ахир, дар ин ҳодиса панҷ корманди полис кушта шудаанд. Ба волии Қандаҳор осебе нарасидааст. Гуфта мешавад, ки маргталабҳо талош карданд то вориди бино шаванд ва яке аз онҳо баъди садди роҳаш шудани муҳофизон худро мунфаҷир кард. Ду маргталаби дигар тавонистанд вориди бино шаванд ва аммо дар задухурд бо кормандони полис кушта шуданд. Масъулияти ҳамларо ҳанӯз ягон гурӯҳ бар дӯш нагирифтааст.
XS
SM
MD
LG